Skip to content
Ба зиндагиямон чӣ нигоҳе дорем? episode artwork

Nov 9, 2021 3 min

Ба зиндагиямон чӣ нигоҳе дорем?

from Radio Doostitj Hosted by Salam Amin

به زندگی خود چه نگاهی داریم؟ Ба номи Худо #Бодиққат #бихон Дарси зиндагӣ Ду зан дар маҳалли корашон бо ҳам сӯҳбат доштанд. Якум: Дишаб барои ман хеле хуб гузашт. Барои ту чӣ? Дувум: Дишаб фоҷеа буд. Шавҳарам ба хона даромад ва се дақиқа шом хӯрду баъд аз ду дақиқа рӯи тахташ афтоду хобаш бурд. Ҳоло ту бигӯ. Якум: Дишаб хеле шоирона ва ҷолиб буд. Шавҳарам вақте ба хона даромад гуфт, ки то ман дӯш мегирам либосатро иваз кун то берун биравем ва дар ресторан хӯроки шом бихӯрем. Баъд аз хӯрокхӯрӣ бо ҳам сӯҳбаткунон то хона қадам задем. Вақте ба хона даромадем шавҳарам чандин шамъ равшан кард. Иттифоқан ҳамсарони ин ду зан низ ҳамкор буданд ва дар бораи дишаб сӯҳбат мекарданд. Шавҳари зани якум: Дишабро чигуна гузарондӣ? Шавҳари зани дувум: Олӣ буд. Вақте ба хона расидам хӯроки шом рӯи миз омода буд. Шомро хӯрдам ва рафтаму хобидам. Достони дишаби ту чӣ тавр буд? Шавҳари зани якум: Фоҷеа буд. Расидам хона ва фаҳмидам хӯроки шом надорем. Барқи хонаро қатъ карда буданд, чун пулашро насупорида будем, аз ин рӯ маҷбур шудам дар ресторан ғизо бихӯрем. Пули ғизо ҳам хеле қимат шуд, аз ин рӯ то хона пиёда баргаштем. Вақте хона расидам ёдам афтод, ки барқ надорем ва маҷбур шудам чанд то шамъ равшан кунам. Ёдамон бошад, ки муҳим навъи нигоҳи мо ба зиндагӣ аст. Чӣ басо дар бадтарин шароит беҳтарин ҳолро дошта бошем Албатта фиреби зоҳири зиндагии дигаронро нахӯрем. Шояд шумо хушбахттар аз касе ҳастед, ки ҳамеша ҳасрати зиндагияшро доред!

Episode details come from the podcast's RSS feed.

Embed this episode

Ready to play

Ба зиндагиямон чӣ нигоҳе дорем?

0:00 3:34

No transcript yet.

Requests help us decide what to transcribe next.

Frequently asked questions

How long is this episode of Radio Doostitj?

This episode is 3 minutes long.

When was this Radio Doostitj episode published?

This episode was published on November 9, 2021.

Can I download this Radio Doostitj episode?

Yes. Use the download control on the episode player to save the publisher-provided media file.