EPISODE · Feb 7, 2023 · 3 MIN
Точики - "Интихоби шумо".mp3 / Таджики - "Твой выбор".mp3
from ====== "Durmuş sözleri", "Hoş Habar", "Hoş Habar aýdymlary" - Türkmenistanda gürleýän esasy diller(12 den 19) / "Words of Life", ""Good News", "Gospel Songs" - The Major Languages Spoken in Turkemenistan(No.12 to No.19) ===== · host Turkmenistan Words of Life 2
Täjiki - "Seniň Saýlamak ".mp3 / Tajiki - "Your Choice".mp3 // ЮҲАННО* 1 - Каломи ҳаёт1Дар ибтидо Калом буд ва Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд. 2Вай дар аввал бо Худо буд 3ва ҳама чиз ба воситаи Калом офарида шуд ва бе Ӯ ягон чизи офаридашуда пайдо нашуд. 4Дар Калом ҳаёт буд ва ин ҳаёт барои одамон нур буд. 5Нур дар торикӣ медурахшад ва торикӣ онро фаро гирифта наметавонист. 6Марде бо номи Яҳё аз тарафи Худо фиристода шуда буд, 7ки дар бораи нур шаҳодат диҳад ва ҳама ба воситаи Яҳё имон оваранд. 8Яҳё худ нур набуд, вале барои он омад, ки дар бораи нур шаҳодат диҳад. 9Он нури ҳақиқие, ки ба ҳамаи одамон равшанӣ медиҳад, ба ҷаҳон омада истода буд. 10Ӯ ба ҷаҳоне, ки ба воситааш офарида шудааст, омада буд, лекин ҷаҳон Ӯро нашинохт. 11Вай ба назди халқи Худ омад, вале онҳо Ӯро қабул накарданд. 12Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданду ба Ӯ имон оварданд, ҳақ дод, ки фарзандони Худо шаванд. 13Онҳо на ба таври табиӣ, на аз рӯйи хоҳиши ҷисм ва на аз рӯйи хоҳиши мард, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд. 14Инак, Калом одам шуд ва Ӯ дар миёни мо пур аз файзу меҳрубонӣ ва ростӣ зиндагӣ мекард. Мо он бузургиро, ки Падар ба Писари Ягонаи Худ додааст, дидаем. 15Яҳё дар бораи Ӯ шаҳодат доду бо овози баланд гуфт: «Ӯ ҳамон Шахсест, ки дар борааш гуфта будам, ки баъд аз ман Шахси бузургтаре меояд, чунки Ӯ пеш аз ман вуҷуд дошт». 16Аз пуррагии Ӯ мо файзу меҳрубонии фаровон ёфтаем. 17Худо шариатро ба воситаи Мусо додааст, вале файзу меҳрубонӣ ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад. 18Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.
Embed this episode
Ready to play
Точики - "Интихоби шумо".mp3 / Таджики - "Твой выбор".mp3
No transcript for this episode yet
Similar Episodes
No similar episodes found.
Similar Podcasts
No similar podcasts found.