EPISODE · Aug 28, 2022 · 3 MIN
Точики - "Интихоби шумо".mp3 / Tojiki - "Sening Tanloving".mp3
from ==="Hayot so'zlari", "Xushxabar", "Xushxabar qo'shiqlari" - O'zbekistonda gapiriladigan asosiy tillar / Ҳаёт сўзлари?, ?Хушхабар?, ?Инжил қўшиқлари? ? Ўзбекистонда сўзлашадиган асосий тиллар === · host Uzbek Words of Life No.1
Tajiki - "Your Choice".mp3 / Таджики - "Твой выбор".mp3 // ЮҲАННО 1 - Каломи ҳаёт1. Дар ибтидо Калом буд ва ин Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд. 2. Вай дар аввал бо Худо буд 3. ва ҳама чиз ба воситаи Ӯ офарида шуду бе Ӯ ҳеҷ чизе аз офариниш пайдо нашуд. 4. Дар Ӯ ҳаёт буд ва ин ҳаёт барои одамон равшанӣ буд.5. Равшанӣ дар торикӣ медурахшад ва торикӣ онро фаро гирифта наметавонад.6. Марде бо номи Яҳё аз тарафи Худо фиристода мешавад, 7. ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳаду ҳама ба воситаи Ӯ имон оваранд. 8. Яҳё худ равшанӣ набуд, вале барои он омад, ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳад. 9. Он равшании ҳақиқие, ки ба ҳамаи одамон медурахшад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.10. Калом дар ҷаҳон буд ва мардуми ҷаҳон ба воситаи Ӯ офарида шуда бошанд ҳам, Ӯро нашинохтанд. 11. Вай ба назди қавмаш омад, вале онҳо Ӯро қабул накарданд. 12. Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданд ва ба Ӯ имон оварданд, ҳуқуқ дод, ки фарзандони Худо шаванд. 13. Онҳо на ба таври табиӣ ва на аз рӯи хоҳиши инсонӣ, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.14. Инак, Калом инсон шуд ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо шӯҳрату ҷалоли Ӯро дидем, ки мисли ҷалоли фарзанди ягонаи Падар пур аз марҳамату ростӣ буд. 15. Яҳё дар бораи Ӯ шаҳодат доду бо овози баланд гуфт: «Ман Ӯро дар назар дошта ба шумо гуфта будам, ки баъд аз ман каси аз ман бузургтаре меояд, чунки Вай пеш аз ман вуҷуд дошт».16. Аз фаровонии файзи Ӯ ҳамаи мо баракат аз паси баракат ёфтаем. 17. Худо шариатро ба воситаи Мӯсо додааст, вале файзу ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад. 18. Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.
Embed this episode
Ready to play
Точики - "Интихоби шумо".mp3 / Tojiki - "Sening Tanloving".mp3
No transcript for this episode yet
Similar Episodes
No similar episodes found.
Similar Podcasts
No similar podcasts found.