EPISODE · Feb 7, 2023 · 1H 3M
точикй (точикй) - "Суханони хаёт № 1".3gp / Таджики - "Слова Жизни #1".3gp
from ====== "Durmuş sözleri", "Hoş Habar", "Hoş Habar aýdymlary" - Türkmenistanda gürleýän esasy diller(12 den 19) / "Words of Life", ""Good News", "Gospel Songs" - The Major Languages Spoken in Turkemenistan(No.12 to No.19) ===== · host Turkmenistan Words of Life 2
Täjiki (Taҷикй) - "Durmuş sözleri No1" 3gp / Tajiki(Таҷикй) - "Words of Life No.1"3gp // 1 ҚӮРИНТИЁН* 13 - Роҳи муҳаббат1Агар ман бо забонҳои одамӣ ва фариштагон гап занаму муҳаббат надошта бошам, ман ба мисли миси пурсадо ё лаъличаи ҷарангосӣ ҳастам. 2Агар атои расондани паёми Худоро дошта бошам ва аз тамоми сирру асрор бохабар бошам, ҳар гуна дониш дошта бошам ё агар имоне дошта бошам, ки кӯҳро аз ҷояш ҷунбонаму муҳаббат надошта бошам, ман ҳеҷ касам. 3Агар тамоми сарватамро ба камбағалон тақсим кунам ва ҳатто баданамро барои сӯзонидан қурбон кунаму муҳаббат надошта бошам, ягон фоида намебинам. 4Муҳаббат пуртоқату меҳрубон аст. Муҳаббат ҳасад намебарад, ҳавобаланд нест ва ғурур надорад. 5Муҳаббат дағалӣ намекунад, худписанд ва зудранҷ нест ва кина ба дил намегирад. 6Муҳаббат аз беинсофӣ шодӣ намекунад, балки аз ростӣ хушҳол мешавад. 7Муҳаббат ҳамеша сабр мекунад ва бовар менамояд, ба ҳама чиз умед мебандад ва ба ҳама чиз тоб меорад. 8Атои расондани паёми Худо аз байн меравад, забонҳо хомӯш мешаванд ва дониш мегузарад, лекин муҳаббат то абад мемонад. 9Мо ҳама чизро намедонем ва паёми Худоро расонданамон комил нест. 10Аммо, вақте ки пуррагӣ меояд, ҳама чизи нопурра аз байн меравад. 11Масалан, вақте ки ман кӯдак будам, ҳамчун кӯдак гап мезадаму фикру муҳокима мерондам. Лекин вақте ки калон шудам, ҳар чизи кӯдакиро фаромӯш кардам. 12Ҳозир мо Худоро ба мисли сурати хира дар оинаи чанголуд дида метавонем. Дар он дунё Ӯро рӯ ба рӯ хоҳем дид. Ҳозир мо ҳама чизро намедонем, лекин дертар чӣ хеле ки Худо моро ба таври пурра мефаҳмад, мо низ ҳамон тавр ба таври комил мефаҳмем. 13Хулоса, ин се чиз боқӣ мемонад, ки инҳо имон, умед ва муҳаббат мебошанд. Вале муҳаббат бузургтарини онҳо аст.
Embed this episode
Ready to play
точикй (точикй) - "Суханони хаёт № 1".3gp / Таджики - "Слова Жизни #1".3gp
No transcript for this episode yet
Similar Episodes
No similar episodes found.
Similar Podcasts
No similar podcasts found.