Дар орзуи Амрико #1
from Zira Media Hosted by Zira Media
"Дар орзуи Амрико" ё чаро барномаҳои мубодилавӣ лозиманд? Имрӯз кам касоне медонанд, ки соли 1962 ҳангоми наврасӣ, яке аз роҳбарони Созмони миллали муттаҳид Пан Ги Мун ба ҳайси иштирокчии барномаи мубодилавӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карда буд. Баъдан Пан Ги Мун гуфт, ки «Маҳз ҳамин сафар зиндагии ӯро ба кулли тағйир дод ва ӯ тасмим гирифт, ки хизматчии давлатӣ шавад». Дар Тоҷикистон ҳам барномаҳои мубодилавӣ аз ҷониби сафоратхонаҳо вуҷуд доранд, ки барои ҷавонон, мутахассисони соҳоти гуногун имкон медиҳад, бо таҷрибаи ҳамтоёни худ дар дигар кишварҳо шинос шаванд. Шурӯъ аз соли 1994 дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барномаҳои гуногуни мубодилавӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати ИМА пуштибонӣ мешаванд, мавҷуданд, ки дар ин барномаҳо беш аз 5 ҳазор шаҳрвандони кишвар, сар карда аз хонандагон то омӯзгорони мактабҳои миёна, кормандони сохторҳои гуногуни давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок кардаанд. Барномаҳои мубодилавӣ гуногунанд, мисли FLEX, IVLP, Oped World, Fulbrigh, Humphrey, Women Tech ва амсоли инҳо, ки ҳар як иштирокчӣ вобаста ба кору фаъолияти худ ба ин барномаҳо даъват карда мешаванд ё худашон бевосита тариқи озмунҳо иштирок мекунанд. Меҳмони нашри аввали видкасти мо Нигина Икромӣ - иштирокчии барномаи IVLP, айни замон роҳбари Маркази рушди эҷодии Тоҷикистон.
Embed this episode
No transcript yet.