Skip to content
Zira Media podcast artwork

PODCAST · news

Zira Media

by Zira Media

ЗИРА - делает еду вдвойне вкуснее, но сама горькая...Также и правда - горькая, но мы преподносим её "вкусно" Мы в других соцсетях:facebook.com/ziramedia.cainstagram.com/ziramedia.cat.me/ziramedia_cayoutube.com/c/ZiraMedia_ca

Publisher-supplied feed metadata · PodParley refreshed Jul 7, 2024 · Source feed

Episodes

  1. Маро бишунав #18

    Тарбияи 5 фарзанд... Шавҳар дар кишвари Русия баҳри муҳоҷират... Мушкилиҳои зиндагӣ... Ихтилофу ҳамдигарфаҳмӣ бо фарзандон... Фарқияти тарбияи духтару писар... Ин ҳама дар нашри навбатии подкасти «Маро бишунав!». #VidCast #PodCast #NewGeneration #ZiraMedia #OSIAF

  2. Маро бишунав #17

    Зани дуюм ё сеюм гирифт ё не? Чӣ тавр бояд адолати иҷтимоӣ миёни онҳо риоя карда шавад? Дар подкасти навбатии мо суҳбат атрофи ин мавзуъ ва бархурди зану мард дар ин масъала ... Интизори фикри андешаҳо шумо. #VidCast #PodCast #NewGeneration #ZiraMedia #OSIAF

  3. Маро бишунав #16

    Абдуқодир Талбаков зардуштӣ аст ё заргушпарвар? Дар моҳи шарифи Рамазон хатми Қуръон ва хондани Библия? 5 маротиба таҳдид ва ҳатто қасди куштор бо ӯ, пиар ё воқеият? Дар подкасти навбтӣ суҳбат атрофи ин ва дигар суолҳо буд... #VidCast #PodCast #NewGeneration #ZiraMedia #OSIAF

  4. Маро бишунав #15

    Зи мард монад се чиз нишона: яке фарзанд асту дигаре боғу сеюмин хона. Аммо хона ва бино барои мардуми мо фақат як девори холӣ ва ҷойи зист нест. Онҷо ҳамеша хотираву ҳодисаҳое азизе моро мепайвандад. - Чаро ҳар бинои куҳнаи Душанбе агар вайрон шавад Ғафур Шерматов онро бо дард қабул мекунад? -...

  5. Маро бишунав #14

    Феминизм чист? Оё ин раванд занонро муқобили мардон мешӯронад? Нисо мегӯяд, ки феминистҳо ба манфиати мардҳо зиндагӣ мекунанд. Магар мардҳо намехоҳанд, ки даромади баробар дошта бошем? Нисо Расулова, феминист, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дунё ва зиндагии феминистҳо дар ҷомеаи суннатӣ мегӯяд....

  6. Маро бишунав #13

    Бозор рафтан дар асри 21 одати куҳна шудааст. Акнун дар хона нишаста аз он гӯшаи дунё харид мекунед. Дар ин ҷаҳони мағозаҳои онлайнӣ насли куҳнаву нав чӣ ҳол доранд? Мадина Ғаниева, менеҷери тиҷоратӣ дар ин мавзуъ ба баҳс ворид шуд. #VidCast #PodCast #NewGeneration #ZiraMedia #OSIAF

  7. Маро бишунав #12

    Агар аз таърих назар кунем, бештари чорабиниҳои фарҳангӣ, бахусус санъати рақс бо иштироки мардон мегузашт. Ҳоло ақидаи мардум он аст, ки писарон на бояд ба ин самт майл кунанд. Аз ин рӯ, дар видкасти навбатиамон Муҳаммад Азимзода – Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, артисти балет ва корманди...

  8. Маро бишунав #11

    Бо тамринҳои зиёд ба сатҳи касбии ин ё он намуди варзиш расидан аз хоҳишу завқу тавоноии ҳар як шахс вобаста аст. Дар ин миён дастгирии атрофиён низ муҳим аст. Новобаста аз дастовардҳои зиёди варзишгарони тоҷик, ҳоло ҳам ҳастанд нафароне, ки барои ба варзиш машғул шудани духтарон монеа мешаванду...

  9. Маро бишунав #10

    Аз таҷриба маълум аст, ки дар байни оилаҳои серфарзанд баҳсу ақидаҳо ва нобаробарии фикрҳо, ҳатто ҷанҷолу вокунишҳои зиёд сар мезананд, ки бештари онҳо боиси озурдахотирии якдигар ва носолиму бо тафаккури дигар ба воя расидани фарзандон мешаванд. - Чаро ин гуна баҳсҳои оилавӣ сар мезананд? -...

  10. Маро бишунав #9

    - Оё идома додани таҳсили духтарони деҳот, ё даст кашидани онҳо аз таҳсил дар макотиби олӣ қарори худи онҳо аст ё атрофиён низ таъсиргузор ҳастанд? - Чаро бархеҳо ба суханони дигарон гӯш дода, сабаби маҳдуд кардани хоҳиши духтарони деҳотӣ мешаванд? - Чӣ тавр Қурбонбибӣ волидайни худро розӣ карда,...

  11. Маро бишунав #8

    Кӣ бояд қадами аввалро дар ҳалли мушкилот гузорад: калонсолон кӯшиш намоянд, ки ҷавононро фаҳманд, ё баръакс? Худи ҷавонон, барои ҳалли мушкилоти нофаҳмӣ миёни наслҳо чӣ пешниҳоде доранд? Ба ин ва дигар суолҳо дар нашри навбатии подкасти «Маро бишунав» Шоҳрух Дилшодзода, донишҷӯи Донишгоҳи...

  12. Маро бишунав #7

    Гоҳо дар ВАО ва гоҳо дар суҳбатҳои пӯшида мешунавем, ки миёни ҳунарпешаҳои гуногун дар театр ва майдони синамо ихтилофи назар ҳаст. Дар нашри навбатии подкасти худ Зарина Бадалова, ҳунарманди театру синаморо даъват кардем, то дар бораи асрори паси пардаи театру синамо ба мо нақл кунад. Интизори...

  13. Маро бишунав #6

    Оё наққошиву расмҳои урён дар санъати рассомии имрӯзаи тоҷик бошад ё на? Чаро дар кӯчаҳои Душанбе, ё дигар шаҳрҳои калони кишвар санъати "кӯчагӣ" ё худ Art Street нест? Оё он бошад? Ин ҳафта дар нашри навбатии подкасти "Маро бишунав" мо дар бораи санъати рассомӣ мегӯем. Дар нашри навбатии…

    more
  14. Маро бишунав #5

    Дар нашри навбатии подкасти "Маро бишунав" Гулҷаҳон Камолзода, роҳруб, модари як фарзанд, иштирок дорад. Мақсади даъвати Гулҷаҳон барои сӯҳбат дар он аст, ки ӯ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе дар вақту соатҳои гуногун машғули тозакорӣ аст ва дақиқан шоҳиди чандин воқеаву ҳодисаҳои бархурди наслҳо дар…

    more
  15. Маро бишунав #4

    Забони муоширати ҷавонон ва бархурди насли калонсол ба ин забони омехта чӣ гуна аст? Дар нашри навбатии подкасти мо шунавед. #VidCast #PodCast #NewGeneration #ZiraMedia #OSIAF

  16. Маро бишунав #3

    Муносибати наслҳо оид ба оиладорӣ Далер кай зан мегири? Соро кай шавҳар мекунӣ? Қурбон кай фарзанддор мешӣ? Ширин пир шудӣ бояд барвақт шавҳар мекардӣ... Одил дер шуд, тезтар зан гир... Хулоса ҳар рӯз ба гӯши ҷавонони болои 25 сол умр дошта ин ҳарфҳо аз даҳ тараф мерасад. Дар нашри навбатии...

  17. Маро бишунав #2

    Замона дигар мешавад, шароити зиндагӣ, ҷаҳонбинии одамон таъғир меёбанд, аммо мушкилоти муноқишаи байни наслҳо ҳанӯзам боқист. Шояд ин бархурд каме шакли худро дигар кардаву бо замона мутобиқ мекунад, аммо аз байн намеравад ва табиист, ки беихтиёр саволе ба миён меояд, ки чаро байни наслҳо чунин...

  18. Маро бишунав #1

    Дар ҷомеаи имрӯза, яке аз мушкилоти ҳалталаб миёни волидон ва фарзандон нофаҳмиист. Нофаҳмии наслҳо. Мо, яъне онҳое, ки синну соламон аллакай аз 35 болост, кӯшиш мекунем, насли ҷавонро дарк кунем, ҳарчанд на дар ҳама маврид ин ба мо даст медиҳад. Акнун тасаввур кунед, ки кор барои насли...

  19. Дар орзуи Амрико #5

    Нашри панҷум ва ниҳоии подкасти “Дар орзуи Амрико” бо Суман Абдуманофова, иштирокчиии барномаи мубодилави SUSI аст, ки маҳз барои ҷавонондухтарон имкониятҳои гуногунро фароҳам меорад. Суман аз хурдӣ дар бораи чӣ орзу мекард? SUSI чӣ гуна барнома аст ва чӣ тавр Суман ба ин барнома роҳ ёфту ба…

    more
  20. Дар орзуи Амрико #4

    Instructional Designer чист? Чӣ тавр Лутфулло дар доираи барномаи Fulbright дар Амрико беш аз як сол бе пул таҳсил кард? Киҳо ва чӣ хел матвонанд ба ин барнома дархост равон кунанд? Ба Лутфулло чӣ гуна одамҳо барои ҳамкорӣ лозиманд? Ба тамоми ин саволҳо дар #видкасти навбатии "Дар орзуи Амрико"...

  21. Дар орзуи Амрико #3

    “Ҷаҳони боз” мақсади ва ҳадафи барномаи мубодилавии мазкур чист? "Ҷаҳони боз" яке аз муассиртарин барномаҳои мубодилавии ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои кишварҳои пасошӯравӣ мебошад. Барнома ба зиёда аз 29,000 роҳбарони кунунӣ ва оянда аз Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон,...

  22. Дар орзуи Амрико #2

    Илм, технология, муҳандисӣ, математика ва иштироки бонувони тоҷикистонӣ дар ин самт TechWomen занони ҷавонро дар соҳаи илм, технология, муҳандисӣ ва математика (STEM) аз Африқо, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Ховари Миёна дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни касбии худ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои барномаи...

  23. Дар орзуи Амрико #1

    "Дар орзуи Амрико" ё чаро барномаҳои мубодилавӣ лозиманд? Имрӯз кам касоне медонанд, ки соли 1962 ҳангоми наврасӣ, яке аз роҳбарони Созмони миллали муттаҳид Пан Ги Мун ба ҳайси иштирокчии барномаи мубодилавӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карда буд. Баъдан Пан Ги Мун гуфт, ки «Маҳз ҳамин сафар...

  24. Маро бишунав #5. Имтиёзу имкониятҳо ба ятимон барои дастрасӣ ба муассисаҳои таълимии олии кишвар

    Подкасти «Маро бишунав!» дар бораи мушкилоти хонандагон ва хатмкардагони мактаб-интернатҳо мебошад. Дар ин подкасти худ мо баҳри дарёфти посух ба суолҳо ва роҳҳалли проблемаҳои ин қишри ҷомеа бо мутахассисони соҳоти гуногун ҳамсуҳбат хоҳем шуд. Дар нашри панҷуми подкасти «Маро бишунав!» доир ба...

  25. Маро бишунав #4. Зиндагӣ бе волидон

    Подкасти «Маро бишунав!» дар бораи мушкилоти хонандагон ва хатмкардагони мактаб-интернатҳо мебошад. Дар ин подкасти худ мо баҳри дарёфти посух ба суолҳо ва роҳҳалли проблемаҳои ин қишри ҷомеа бо мутахассисони соҳоти гуногун ҳамсуҳбат хоҳем шуд. Нашри чоруми подкасти «Маро бишунав!» назар ба дигар...

  26. Маро бишунав #3. Ҳолати равонии кӯдакон ва хатмкардагони мактаб-интернатҳо

    Подкасти «Маро бишунав!» дар бораи мушкилоти хонандагон ва хатмкардагони мактаб-интернатҳо мебошад. Дар ин подкасти худ мо баҳри дарёфти посух ба суолҳо ва роҳҳалли проблемаҳои ин қишри ҷомеа бо мутахассисони соҳоти гуногун ҳамсуҳбат хоҳем шуд. Дар нашри сеюми подкасти «Маро бишунав!» бо…

    more
  27. Маро бишунав #2. Кӯдакони мактаб-интернатҳо аз кадом ҳуқуқҳо бархӯрдоранд?

    Подкасти «Маро бишунав!» дар бораи мушкилоти хонандагон ва хатмкардагони мактаб-интернатҳо мебошад. Дар ин подкасти худ мо баҳри дарёфти посух ба суолҳо ва роҳҳалли проблемаҳои ин қишри ҷомеа бо мутахассисони соҳоти гуногун ҳамсуҳбат хоҳем шуд. Дар нашри дуюми подкасти «Маро бишунав!» бо Дилрабо...

  28. Тизер: Кӯдакони мактаб-интернатҳо чӣ ҳуқуқҳо доранд?

    Подкасти «Маро бишунав!» дар доираи лоиҳаи «Куҷо бояд рафт, вақте ҷойи рафтан нест», ки аз ҷониби журналистони «Зира Медиа» омода мешавад, дар бораи мушкилоти хонандагон ва хатмкардагони мактаб-интернатҳо буда, дар ҳар як нашри он мо баҳри дарёфти посух ба суолҳо ва роҳҳои ҳалли проблемаҳои ин...

  29. Маро бишунав #1.

    Мушкилии хатмкунандагони мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор Подкасти «Маро бишунав!» дар доираи лоиҳаи «Куҷо бояд рафт, вақте ҷойи рафтан нест», ки аз ҷониби журналистони «Зира Медиа» омода мешавад, дар бораи мушкилоти хонандагон ва хатмкардагони мактаб-интернатҳо буда, дар ҳар як нашри он мо...

  30. Тизер: Мушкилии хатмкунандагони мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор

    Подкасти «Маро бишунав!» дар доираи лоиҳаи «Куҷо бояд рафт, вақте ҷойи рафтан нест», ки аз ҷониби журналистони «Зира Медиа» омода мешавад, дар бораи мушкилоти хонандагон ва хатмкардагони мактаб-интернатҳо буда, дар ҳар як нашри он мо баҳри дарёфти посух ба суолҳо ва роҳҳои ҳалли проблемаҳои ин...

  31. Чаро ҷавонони мо ифротгаро мешаванд?!

    Суҳбати хабарнигори "Зира медиа" Шамшод Мирзоев бо Киромиддин Мухторов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент ва донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров.

  32. Тизер: Чаро ҷавонони мо ифротгаро мешаванд?!

    17 сентябр, соати 12:00 подкасти навбатии "Зира медиа" бо Киромиддин Мухторов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент ва донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров. Моро пайгирӣ кунед!!!

  33. Зарурати омӯзиши фанни диншиносӣ

    Суҳбати хабарнигори "Зира медиа" Мустафо Нуруллоев бо доктори илмҳои фалсафа, профессори ДДҲБСТ Очилбой Зоҳидов ва бо донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

  34. Аҳамияти ҳуқуқии таҳаммулпазирӣ дар чист?

    Суҳбати хабарнигори "Зира медиа" Шамшод Мирзоев бо Садриддин Саидов, раиси мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

  35. Таҳаммулпазирии равонӣ: асоси он ва фарқ байни сабру таҳаммул

    Суҳбати хабарнигори "Зира медиа" Мустафо Нуруллоев бо равоншинос Камолиддин Ғоибов.

  36. Тизер: Таҳаммулпазирии равонӣ

    14 август, соати 12:00 подкасти навбатии "Зира медиа" бо равоншинос Камолиддин Ғоибов. Моро пайгирӣ намо!!!

  37. Таҳаммулпазирӣ: суду зиён, меъёр ва андозаи он

    Суҳбати хабарнигори "Зира медиа" Наргис Каримова бо раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва диншинос Ҳоҷӣ Мӯътабархон Бобоева.

  38. Тизер: Суду зиёни таҳаммулпазирӣ

    11 август, соати 12:00 подкасти "Зира медиа" бо раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва диншинос Ҳоҷӣ Мӯътабархон Бобоева. Моро пайгирӣ намо!!!

  39. Ҷавонии падарон ва фарзандон: Суҳбат дар бораи арзишҳои ду насл дар ҷомеа

    Суҳбати хабарнигори "Зира медиа" Фаридун Холбоев бо ду нафар намояндагони қишри ҷомеа дар бораи арзишҳои ду насл - калонсол ва ҷавон

  40. НАВРӮЗ АЗ НИГОҲ: Суҳбат бо таърихнигор Мӯниса Ҳафизова

    Суҳбати хабарнигори "Зира медиа" Умедшоҳи Ҷумъахон бо таърихнигори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Мӯниса Ҳафизова перомуни "Наврӯзи Аҷам"

Type above to search every episode's transcript for a word or phrase. Matches are scoped to this podcast.

Searching…

We're indexing this podcast's transcripts for the first time — this can take a minute or two. We'll show results as soon as they're ready.

No matches for "" in this podcast's transcripts.

Showing of matches

No topics indexed yet for this podcast.

Loading reviews...

ABOUT THIS SHOW

ЗИРА - делает еду вдвойне вкуснее, но сама горькая...Также и правда - горькая, но мы преподносим её "вкусно" Мы в других соцсетях:facebook.com/ziramedia.cainstagram.com/ziramedia.cat.me/ziramedia_cayoutube.com/c/ZiraMedia_ca

HOSTED BY

Zira Media

CATEGORIES

Frequently Asked Questions

How many episodes does Zira Media have?

Zira Media currently has 40 episodes available on PodParley. New episodes are automatically indexed when they're published to the podcast feed.

What is Zira Media about?

ЗИРА - делает еду вдвойне вкуснее, но сама горькая...Также и правда - горькая, но мы преподносим её "вкусно" Мы в других соцсетях:facebook.com/ziramedia.cainstagram.com/ziramedia.cat.me/ziramedia_cayoutube.com/c/ZiraMedia_ca

How often does Zira Media release new episodes?

Zira Media has 40 episodes. Check the episode list to see recent publication dates and frequency.

Where can I listen to Zira Media?

You can listen to Zira Media on PodParley by clicking any episode. We provide an embedded audio player for direct listening, and you can also subscribe via your preferred podcast app using the RSS feed.

Who hosts Zira Media?

Zira Media is created and hosted by Zira Media.
URL copied to clipboard!