EPISODE · Oct 14, 2021 · 25 MIN
Дар орзуи Амрико #2
from Zira Media · host Zira Media
Илм, технология, муҳандисӣ, математика ва иштироки бонувони тоҷикистонӣ дар ин самт TechWomen занони ҷавонро дар соҳаи илм, технология, муҳандисӣ ва математика (STEM) аз Африқо, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Ховари Миёна дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни касбии худ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои барномаи мураббигӣ (ё худ менторинг) ва мубодилавӣ ҷамъ меорад. TechWomen ба иштирокчиёни худ дастрасӣ ба шабакаҳо ва захираҳои илмиву фановариро фароҳам меорад, то онҳо тавонанда баъд аз такмили ихтисос ва мубодилаи таҷриба, донишҳои андухтаи худро дар кишварашон татбиқ намоянд. Меҳмони нашри дуюми подкасти “Дар орзуи Амрико” Маҳина Усманова иштирокчии барномаи Tech Women мебошад, ки соли 2016 тариқи ин барнома ба Амрико сафар кардааст ва ин нашр бахшида шудааст ба барномаи Tech Women ва нақши бонувони тоҷикистонӣ дар ин самт.
Embed this episode
Ready to play
Дар орзуи Амрико #2
No transcript for this episode yet
Similar Episodes
No similar episodes found.