Маро бишунав #1.
from Zira Media Hosted by Zira Media
Мушкилии хатмкунандагони мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор Подкасти «Маро бишунав!» дар доираи лоиҳаи «Куҷо бояд рафт, вақте ҷойи рафтан нест», ки аз ҷониби журналистони «Зира Медиа» омода мешавад, дар бораи мушкилоти хонандагон ва хатмкардагони мактаб-интернатҳо буда, дар ҳар як нашри он мо баҳри дарёфти посух ба суолҳо ва роҳҳалли проблемаҳои ин қишри ҷомеа бо мутахассисони соҳоти гуногун ҳамсӯҳбат хоҳем шуд. Дар нашри якуми подкасти «Маро бишунав!» доир ба Мушкилоти хатмкунандагони мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор суҳбат мекунем. Дар сӯҳбати аввалини подкасти мо ҳузур доранд: Нарзулло Рафизода, хатмкардаи мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор ва ҳоло донишҷӯйи курси аввали Факултаи филологияи руси Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон, ҳамчунин Рустам Маҳмадалиев, хатмакардаи ҳамин мактаб-интернат ва ҳоло донишҷӯи курси чоруми бахши журналистикаи Донишгоҳи Славянӣ.
Embed this episode
No transcript yet.