Маро бишунав #2
from Zira Media Hosted by Zira Media
Замона дигар мешавад, шароити зиндагӣ, ҷаҳонбинии одамон таъғир меёбанд, аммо мушкилоти муноқишаи байни наслҳо ҳанӯзам боқист. Шояд ин бархурд каме шакли худро дигар кардаву бо замона мутобиқ мекунад, аммо аз байн намеравад ва табиист, ки беихтиёр саволе ба миён меояд, ки чаро байни наслҳо чунин ихтилоф аст? Меҳмони навбатии подкасти «Маро бишунав!» Фарангис Шарипова, роҳбалади саёҳӣ, модари ду фарзанд, писари 21 ва духтари 15 сола мебошад. Мақсади даъвати Фарангис барои сӯҳбат дар он аст, ки ӯ дар доираи як лоиҳаи иҷтимоӣ духтараш Камиларо аз шаҳр ба деҳа равон карда, дар ҷавоб писари деҳотиро ба хонаи худ қабул кардааст. - Чӣ тавр Фарангис ба ин идея розӣ шуд ва чаро? - Аз чӣ тарс дошт? Оё ӯ миёни духтари худ, ки шаҳр бузугр шудааст ва писаре, ки зодаи деҳот аст, ягон фарқиятеро дид? Ба ин ва дигар суолҳо дар нашри навбатии подкасти мо посух хоҳад гуфт. #PodCast #NewGeneration #ZiraMedia #OSIAF
Embed this episode
No transcript yet.