PODCAST · society
ДАСТАРХОН
by Jamshed Ma'ruf
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»!Маъмулан дар рӯи дастархон таом мехӯранд. Вале дар як вақт бисёре аз масъалаҳои муҳим ва суҳбатҳои хос маҳз сари дастархон сурат мегиранд...«ДАСТАРХОН» – аз аввалин подкастҳои тоҷикӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар он ҳама чиз ва барои ҳамагон ба баҳсу баррасӣ кашида мешавад.Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: https://taplink.cc/jmb_pictures
-
45
Агар мардум ба кори милиса баҳо диҳад, чӣ тағйир меёбад? | ДАСТАРХОН (Нашри вижа #11)
Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед ба нашри вижаи подкасти «ДАСТАРХОН»!Нашри нави подкасти «ДАСТАРХОН» омода шуд. Дар ин нашри вижаи мо яке аз мавзӯъҳои муҳим - чӣ гуна ҳамкории милиса ва ҷомеа метавонад воқеӣ шавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар ин нашр мо оид ба:- То куҷо милиса ба ҳарфи мардум гӯш медиҳад;- Баҳо додани мардум ба фаъолияти милиса;- Пайгирии шикоятҳо аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятӣ;- Тарс аз милиса ва роҳи табдили муносибат;- Ислоҳоти имконпазири қонун ё қоидаҳо... суҳбат кардем.Биёед, якҷоя гӯш кунем →Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
44
Милиса ва ҷомеа: чӣ гуна ҳамкорӣ метавонад воқеӣ шавад? | ДАСТАРХОН (Нашри вижа #10)
Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед ба нашри вижаи подкасти «ДАСТАРХОН»!Нашри нави подкасти «ДАСТАРХОН» омода шуд. Дар ин нашри вижаи мо яке аз мавзӯъҳои муҳим - чӣ гуна ҳамкории милиса ва ҷомеа метавонад воқеӣ шавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар ин нашр мо оид ба:- Шаффофият дар мақомоти милиса;- Шинохти аъзои шӯро аз ҷониби мардум;- Нақши занон дар ислоҳот: то куҷо садои онҳо шунида мешавад;- Ҳавасмандгардонӣ дар кадом шакл амалӣ мегардад;- Ҳамкории милиса ва волонтёрон дар ҳифзи табиат то куҷо имконпазир аст... суҳбат кардем.Биёед, якҷоя гӯш кунем →Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
43
Чӣ гуна зеҳни сунъӣ истеъмоли расонаии моро ташаккул медиҳад? | наМЕШУНАВЕМ! #3
Таъсири зеҳни сунъӣ ба тарзи истеъмоли расонаии мо дар ҷаҳони муосир торафт меафзояд. Дар замони рушди босуръати технологияҳо, зеҳни сунъӣ тавассути алгоритмҳо интихоби мӯҳтаворо шахсӣ мекунад ва ба афзалиятҳои иттилоотии истифодабарандагон таъсири назаррас мерасонад.Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/rasonanigor~ Обратная связь: Telegram; Instagram; Facebook; YouTube | E-mail: [email protected]
-
42
Саҳми созмонҳои ҷамъиятӣ дар баланд бардоштани саводи расонаии ҷавонон | наМЕШУНАВЕМ! #2
Созмонҳои ҷамъиятӣ нақши муҳимро дар тақвияти саводи расонаии насли ҷавон мебозанд. Дар замони муосири иттилоотӣ, ин созмонҳо барномаҳои омӯзишӣ, тренигу семинарҳоеро таҳия мекунанд, ки ба ҷавонон малакаҳои таҳлили интиқодии маълумот, муайян кардани манбаъҳои боэътимод ва ҳимоя аз иттилооти бардурӯғро меомӯзонанд.Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/rasonanigor~ Обратная связь: Telegram; Instagram; Facebook; YouTube | E-mail: [email protected]
-
41
Нақши саводи иттилоотию расонаӣ ва рақамӣ дар ташаккули зеҳнии мо | наМЕШУНАВЕМ! #1
Нақши саводи иттилоотию расонаӣ ва рақамӣ дар ташаккули зеҳнии инсон дар ҷаҳони имрӯза аҳамияти бузург дорад. Дар шароити афзоиши босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва таъсири васоити ахбори омма, қобилияти таҳлилу арзёбии маълумот барои рушди тафаккури интиқодӣ зарур аст.Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/rasonanigor~ Обратная связь: Telegram; Instagram; Facebook; YouTube | E-mail: [email protected]
-
40
Ислоҳоти милитсия: чӣ тағйир мешавад ва чаро ин муҳим аст? | ДАСТАРХОН (Нашри вижа #9)
Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед ба нашри вижаи подкасти «ДАСТАРХОН»!Нашри навбатии подкасти «ДАСТАРХОН» омода шуд. Дар ин нашри вижаи мо яке аз мавзӯъҳои муҳим - ислоҳоти милитсия: чӣ тағйир мешавад ва чаро ин муҳим аст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар ин нашр мо дар бораи:- Тағйироти мусбат дар фаъолияти милитсия дар натиҷаи татбиқи Барномаи ислоҳот;- Фарқияти барномаи нави ислоҳот аз барномаҳои қаблӣ;- Ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ;- Муҳимияти баланд бардоштани самаранокии кори милитсия... суҳбат кардем.Биёед, якҷоя гӯш кунем →Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
39
Ислоҳоти милитсия ва шаҳрдорӣ: ҳамкорӣ барои беҳбуди амният | ДАСТАРХОН (Нашри вижа #8)
Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед ба нашри вижаи подкасти «ДАСТАРХОН»!Нашри навбатии подкасти «ДАСТАРХОН» омода шуд. Дар ин нашри вижаи мо яке аз мавзӯъҳои муҳим - нақши Шӯрои ҷамъиятӣ ва шаҳрдорӣ дар татбиқи Барномаи ислоҳоти милитсия мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар ин нашр мо перомуни:- Таъсири ислоҳот ба амнияти шаҳрвандон;- Сатҳи огоҳии ҷомеа аз тағйирот;- Самтҳои муҳими ислоҳот барои сокинони шаҳр;- Нақши шаҳрдорӣ дар татбиқи Барнома;- Ҳамкории мақомоти маҳаллӣ ва милитсия... суҳбат кардем.Биёед, якҷоя гӯш кунем →Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
38
Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди ислоҳот: имкониятҳо ва мушкилот | ДАСТАРХОН (Нашри вижа #7)
Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед ба нашри вижаи подкасти «ДАСТАРХОН»!Нашри нави подкасти «ДАСТАРХОН» омода шуд. Дар ин нашри вижаи мо яке аз мавзӯъҳои муҳим - иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди ислоҳоти милитсия мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар ин қисмат мо дар бораи:- Нақши Шӯрои ҷамъиятӣ дар ислоҳоти милитсия;- Дастовардҳои асосии Барномаи ислоҳот;- Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд;- Роҳҳои тақвияти ҳамкории байни ҷомеа ва милитсия... суҳбат кардем.Биёед, якҷоя гӯш кунем →Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
37
Нақши шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар чист? | ДАСТАРХОН (Нашри вижа #6)
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» рӯзноманигор, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Абдусабури Абдуваҳҳоб ҳузур доранд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
36
Тарс ва нобоварӣ: чӣ гуна метавон аз байн бурд? | ДАСТАРХОН (Нашри вижа #5)
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Ин барнома ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамӯҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти милитсияро муайян менамояд. Имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» ҳуқуқшинос, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Садриддин Саидов ҳузур доранд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
35
Милитсияи тоҷик чӣ гуна дигаргун мешавад? | ДАСТАРХОН (Нашри вижа #4)
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Ин нашри вижаи мо ба мавзӯи «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» бахшида шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Ин барнома ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамӯҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти милитсияро муайян менамояд. Иҷрокунандаи асосии ин барнома Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар амалигардонии он вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат намуда метавонанд. Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» котиби матбуотии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ ҳузур доранд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
34
Коршинос: Мобилизатсия дар Русия – киҳоро ба артиш ҷалб мекунанд? | Садои муҳоҷир #10
Дар нашри охирини фасли аввали подкасти «Садои муҳоҷир» мо бо коршиноси ҳарбӣ Музаффар Бобоҷонов ҳамсӯҳбат шудем. Ин нашр бештар дар бораи мобилизатсия ё худ басичсозӣ, даъват ба артиши Русия ва саркашӣ аз он, ҷанг дар Укроин, душаҳрвандӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирон» қисса мекунад. Дар ин подкаст бевосита бо худи муҳоҷирони корӣ, ки меҳмонони асосии моянд, аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву саргузаштҳои онҳо суҳбат мекунем. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/rasonanigor ~ Обратная связь: Telegram-канал; Instagram; Facebook; YouTube | E-mail: [email protected]
-
33
Хуршеда: Муносибат ба муҳоҷирон дар Куриёи Ҷанубӣ назар ба Русия беҳтар аст! | Садои муҳоҷир #9
Нашри навбатиро мо бо ҳамроҳии яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ Хуршеда Раҳимова – роҳбари ТҶ «Ибтидо», сабт намудем. Хуршеда зимни сӯҳбат дар бораи он ки чаро шавҳараш Куриёи Ҷанубиро назар ба кишвари Русия беҳтар медонад, дурӣ аз шавҳар чӣ мушкилиҳо дорад, қадру қимати оила, норасоии маблағ, урфу одатҳои мардумӣ қисса намуд. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирон» қисса мекунад. Дар ин подкаст бевосита бо худи муҳоҷирони корӣ, ки меҳмонони асосии моянд, аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву саргузаштҳои онҳо суҳбат мекунем. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/rasonanigor ~ Обратная связь: Telegram-канал; Instagram; Facebook; YouTube | E-mail: [email protected]
-
32
Чӣ гуна волидони Сайҳона ба хотири таҳсили духтаронашон ба муҳоҷират рафтаанд... | Садои муҳоҷир #8
Дар ин нашр мо бо яке аз фарзандони муҳоҷири тоҷик Сайҳона Зокирова, ки ҳоло донишҷӯй аст, ҳамсӯҳбат шудем. Сайҳона дар оила фарзанди калонӣ буда, бинобар дар муҳоҷират будани падару модараш тамоми корҳои хона бар ӯҳдаи ӯст... Ин нашр бештар дар бораи дурӣ аз падару модар, оиладорӣ, тарбия, таҳсил, муҳоҷират қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирон» қисса мекунад. Дар ин подкаст бевосита бо худи муҳоҷирони корӣ, ки меҳмонони асосии моянд, аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву саргузаштҳои онҳо суҳбат мекунем. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/rasonanigor ~ Обратная связь: Telegram-канал; Instagram; Facebook; YouTube | E-mail: [email protected]
-
31
Ӯғулой: Барои аз хонаи иҷора ба дигар ҷой нарафтан, тамоми гапҳояшро иҷро мекардам... | Садои муҳоҷир #7
Дар нашри навбатӣ мо бо ҳамроҳии Ӯғулой Орипова – соҳибхоназане, ки пештар ҳамчун муҳоҷир дар Русия кор кардааст, ҳамсӯҳбат шудем. Ӯғулой соҳиби ду фарзанд буда, инак чаҳор сол мешавад, ки шавҳари ӯ барои беҳтар кардани зиндагии оилааш ба Куриёи Ҷанубӣ ба кор рафтааст... Ин нашр бештар дар бораи дурӣ аз шавҳар, танҳо ба воя расонидани фарзандон, сарфаи маблағ, кору зиндагӣ дар Русияву Куриёи Ҷанубӣ ва нофаҳмиҳои оилавӣ қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирон» қисса мекунад. Дар ин подкаст бевосита бо худи муҳоҷирони корӣ, ки меҳмонони асосии моянд, аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву саргузаштҳои онҳо суҳбат мекунем. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/rasonanigor ~ Обратная связь: Telegram-канал; Instagram; Facebook; YouTube | E-mail: [email protected]
-
30
Чаро Муслима Куриёи Ҷанубиро аз Русия беҳтар медонад? | Садои муҳоҷир #6
Дар нашри шашуми подкасти «Садои муҳоҷир» мо аз таҷрибаву дастовардҳои муҳоҷирзане ҳарф хоҳем зад, ки чанде пеш аз Куриёи Ҷанубӣ баргашт. Ин нафар Муслима ном доранд, ки зимни суҳбат аз бартариятҳои ин кишвар нисбат Русия нақл кард... Нашри навбатӣ бештар дар бораи имкониятҳо, дарёфти ҷойи хуби корӣ, муносибати самимӣ нисбат ба муҳоҷирон қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирон» қисса мекунад. Дар ин подкаст бевосита бо худи муҳоҷирони корӣ, ки меҳмонони асосии моянд, аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву саргузаштҳои онҳо суҳбат мекунем. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/rasonanigor ~ Обратная связь: Telegram-канал; Instagram; Facebook; YouTube | E-mail: [email protected]
-
29
Муборак: Мусофирӣ барои занон осон нест! | Садои муҳоҷир #5
Дар нашри навбатии подкасти «Садои муҳоҷир» мо бо Муборак ном зане, ки давоми 5 сол инҷониб дар Русия ба муҳоҷират меравад, ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ бештар ҳамчун пешхизмат дар қаҳвахонаҳо кор кардааст. Муборак соҳиби як духтар буда, зиндагиашро якҷоя бо ин фарзандаш пеш мебарад. Набудани манзили зист ӯро маҷбур кардааст, ки муҳоҷир шавад... Ин нашр бештар дар бораи бепулӣ, мусофирӣ, муносибатҳои дағали корфармо, азобу фиреб, харидани манзили зисти шахсӣ қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирон» қисса мекунад. Дар ин подкаст бевосита бо худи муҳоҷирони корӣ, ки меҳмонони асосии моянд, аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву саргузаштҳои онҳо суҳбат мекунем. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/rasonanigor ~ Обратная связь: Telegram-канал; Instagram; Facebook; YouTube | E-mail: [email protected]
-
28
Зайнуриддин: Намешавад ҳама чӯпон шуд... | Садои муҳоҷир #4
Дар нашри чоруми подкасти «Садои муҳоҷир» мо бо ҳамроҳии Зайнуриддин Заҳайризода – рӯзноманигор-омӯзгоре, ки ҳоло муҳоҷир шудааст, сӯҳбат оростем. Зайнуриддин оиладор буда, соҳиби чор фарзанд ва ягона ноновари хонаводааш аст. Бинобар шароити иқтисодӣ ӯ роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтааст... Нашри навбатӣ бештар доир ба кору зиндагӣ дар Русия, муноқишаҳои муҳоҷирон, қарз, оила, пайдо кардани нон қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти тозаэҷоди «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирон» қисса мекунад. Дар ин подкаст бевосита бо худи муҳоҷирони корӣ, ки меҳмонони асосии моянд, аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву саргузаштҳои онҳо суҳбат мекунем. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/rasonanigor ~ Обратная связь: Telegram-канал; Instagram; Facebook; YouTube | E-mail: [email protected]
-
27
Орифҷон: Хатоии ман ин «бовар» кардан буд! | Садои муҳоҷир #3
Дар нашри навбатӣ мо бо Орифҷон Мамадкаримов, ки давоми 22 сол инҷониб дар муҳоҷират қарор дорад ва аз соли 2013 ҳамчун бригадир дар шаҳри Сургути Русия кор мекунад, сӯҳбат намудем. Орифҷон 40 сол дошта, оиладор ва соҳиби се писару як духтар аст. Мушкилиҳои зиндагӣ ӯро маҷбур кардааст, ки ҳатто мактабро то охир нахонда, ба муҳоҷират равад... Ин нашр бештар дар бораи боварию эътимод, обрӯю масъулият ва муносибату дастгирӣ қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти тозаэҷоди «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирон» қисса мекунад. Дар ин подкаст бевосита бо худи муҳоҷирони корӣ, ки меҳмонони асосии моянд, аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву саргузаштҳои онҳо суҳбат мекунем. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/rasonanigor ~ Обратная связь: Telegram-канал; Instagram; Facebook; YouTube | E-mail: [email protected]
-
26
Шералӣ: Фаҳмидам, ки Русия барои ман нест! | Садои муҳоҷир #2
Дар ин нашр мо бо Шералӣ Турсунов – омӯзгор, муҳоҷир ва як нафар фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбат мекунем. Шералӣ 39-сола буда, соҳиби 5 фарзанд аст. Ҳоло дар ташкилоти ҷамъиятии «Умед барои ҷомеа» фаъолият дорад. Ӯ борҳо ба Русия барои муҳоҷират рафта, ба мушкилиҳои гуногун рӯ ба рӯ шудааст... Ҳоло Шералӣ мехоҳад, орзуҳояшро дар Тоҷикистон амалӣ намояд, чун хоҳишҳояш намегузоранд, ки ӯ ба дигар давлат зиндагӣ кунад. Ин нашр бештар дар бораи арзишҳои инсонӣ, қадру қимати омӯзгор, муносибат, таҷрибаи зиндагӣ, оила ва маблағ қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти тозаэҷоди «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирон» қисса мекунад. Дар ин подкаст бевосита бо худи муҳоҷирони корӣ, ки меҳмонони асосии моянд, аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву саргузаштҳои онҳо суҳбат мекунем. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/rasonanigor ~ Обратная связь: Telegram-канал; Instagram; Facebook; YouTube | E-mail: [email protected]
-
25
Раҳматҷон: Ҳамаи он нафароне, ки дар Русия ё хориҷа кор мекунанд, бесавод нестанд! | Садои муҳоҷир #1
Дар нашри аввал бо Раҳматҷон Каримов – омӯзгори муҳоҷир ҳамсӯҳбат шудем. Раҳматҷон 30 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд аст. Соли 2016 бори аввал ба Русия барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Бинобар нокифоягии маблағ дар мактаб ва таъминоти ниёзи оила Раҳматҷон роҳи Русияро пеш гирифтааст... Ин нашр бештар дар бораи мушкилии як муҳоҷири тоҷик, ки ба танҳоӣ ба Русия рафтааст, тасаввуроти як ҷавони тоҷик дар бораи ин кишвар, аз ҷустуҷӯи ҷойи хоб то бақайдгирӣ ва орзуҳои муҳоҷири тоҷик қисса мекунад. Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти «Садои муҳоҷир» аст! Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирон» қисса мекунад. Дар ин подкаст бевосита бо худи муҳоҷирони корӣ, ки меҳмонони асосии моянд, аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву саргузаштҳои онҳо суҳбат мекунем. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/rasonanigor ~ Обратная связь: Telegram-канал; Instagram; Facebook; YouTube | E-mail: [email protected]
-
24
Садои муҳоҷир: чанд нуктаи муҳим оид ба подкасти ҷадид
Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф! Тарҳи ҷадиди мо таҳти унвони «САДОИ МУҲОҶИР» манзури шумост! 16 феврал Мактаби расонаии JMBpictures дар якҷоягӣ бо ТҶ «Расонанигор» подкасти ҷадидеро зери унвони «САДОИ МУҲОҶИР» нашр кард. Фасли аввали подкаст аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирони меҳнатӣ» қисса мекунад. Дар ин подкаст мо бевосита бо худи муҳоҷирон ҳамсуҳбат мешавем..., ба садои онҳо гӯш медиҳем, то онҳоро бишнавему бишнаванд..., аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву саргузаштҳои онҳо пурсон хоҳем шуд... ️Агар Шумо низ хоҳиши иштирок дар подкасти моро дошта бошед, пас ба мо бинависед, мо ҳатман бо Шумо ҳамсуҳбат мешавем! Шоми 16-уми феврал, соати 18:00, нашри аввали подкасти «Садои муҳоҷир»-ро дар саҳифаҳои иҷтимоии мо интизор шавед: taplink.cc/rasonanigor ~ Обратная связь: Telegram-канал; Instagram; Facebook; YouTube | E-mail: [email protected]
-
23
Нақши милитсия дар пешгирии амалҳои номатлуб то куҷо назаррас аст? | ДАСТАРХОН (Нашри вижа #3)
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Дар ин нашри вижа мо перомуни «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» ҳарф хоҳем зад. Барои идома додани ислоҳот дар соҳаи милитсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021, таҳти №211 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» Абдусабури Абдуваҳҳоб, рӯзноманигор, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ҳузур доранд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
22
Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик барои мардум чӣ медиҳад? | ДАСТАРХОН (Нашри вижа #2)
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Дар ин нашри вижа мо перомуни «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» ҳарф хоҳем зад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «03» майи соли 2014, таҳти №296 «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсия барои солҳои 2014-2020» тасдиқ шуд. Инчунин, барои идома додани ислоҳот дар соҳаи милитсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021, таҳти №211 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Ин барнома ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамӯҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти милитсияро муайян менамояд. Иҷрокунандаи асосии Барномаи мазкур Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар амалигардонии он вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат намуда метавонанд. Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» Садриддин Саидов, ҳуқуқшинос, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ҳузур доранд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
21
Ислоҳот дар соҳаи милитсияи тоҷик чиро метавонад иваз намояд? | ДАСТАРХОН (Нашри вижа #1)
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»! Дар ин нашри вижа мо перомуни «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» ҳарф хоҳем зад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «03» майи соли 2014, таҳти №296 «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсия барои солҳои 2014-2020» тасдиқ шуд. Инчунин, барои идома додани ислоҳот дар соҳаи милитсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021, таҳти №211 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Ин барнома ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамӯҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти милитсияро муайян менамояд. Иҷрокунандаи асосии Барномаи мазкур Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар амалигардонии он вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат намуда метавонанд. Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ҳузур доранд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
20
Рустам Гулов – «Муаллими одӣ назар ба вазиру соҳибкор бояд обрӯяш баландтар бошад» | ДАСТАРХОН #1 (2)
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба фасли дуюми подкасти «ДАСТАРХОН»! Фасли дуюми подкасти мо ба мавзӯи «Муҳимияти донишандӯзӣ: хонем ё нахонем» бахшида шудааст. Ва инак, имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» бо Рустам Гулов, блогнавис ва коршиноси расонаӣ оид ба «Зарурати доштан ё надоштани диплом» суҳбат хоҳем кард. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
19
Музаффар Бобоҷонов – ҷалби донишҷӯён ба хизмат, суғуртапулии сарбоз, набудани омори мушаххас | ДАСТАРХОН #10
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Ҳаҷми маблағи суғурта барои сарбоз чанд аст ва он барои чӣ пешбинӣ шудааст; суғурта то куҷо барои хизматчии ҳарбӣ ҳатмӣ аст; даъватшаванда қабл аз ба хизмати ҳарбӣ рафтан, ҷону саломатии худро суғурта мекунад; маблағи суғуртаро кӣ пардохт мекунад: хизматчии ҳарбӣ ё волидайни ӯ ва ё давлат; дар сурати ба ягон ҳолати фавқулода дучор шудани сарбоз, чӣ қадар маблағ вобаста ба ҳаҷми суғурта пардохт карда мешавад?... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф якҷоя бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Музаффар Бобоҷонов, коршиноси ҳарбӣ баррасӣ намуд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
18
Дилшод Ҷӯраев – шатта задан, ярлики «буз», ҷой доштани «система», вазифаи камераҳои назоратӣ | ДАСТАРХОН #9
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Ҳангоми баррасии парвандаҳо, оё ба кору фаъолияти адвокатҳо ва ё барои иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон дар мурофиаҳои судӣ монеаҳо низ ҷой доранд; ҷараёни сабт ё наворгирӣ аз рӯи қонунгузорӣ чӣ гуна аст: дар кадом вақт иҷозат ва манъ аст; сабаби ҷой доштани режими дедовшина ё бузургсолорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ; оё роҳе вуҷуд дорад, ки ҳамин «системае», ки дар қисмҳои ҳарбӣ ҷой дорад, онро коҳиш дод; оё ҳамаи қазияҳои вобаста ба дедовшина то суд мераванд ва ё як қисми онҳо пӯшида, яъне дар қисмҳои ҳарбӣ мемонанд; ҳамин камераҳои назоратӣ дар қисмҳои ҳарбӣ кай ва дар кадом маврид истифода мешавад; ё танҳо дар ҳолати содир шудани ҷиноят ва ё шикоят бурдан, истифода бурда мешавад?... Ин ва дигар суолҳоро дар якҷоягӣ бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Дилшод Ҷӯраев, вакили дифоъ (адвокат) мавриди баррасӣ қарор додем. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
17
Дилшод Ҷӯраев – даъвати ғайриқонунӣ, адолати судӣ ва риоя нашудани тартиби хизмати ҳарбӣ | ДАСТАРХОН #8
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Шумо, ки бо парвандаҳои вобаста ба нақзи ҳуқуқҳои даъватшавандагону сарбозон кор мекунед, мегуфтед, ки дар робита ба ин масъала бештар аз чӣ шикоят мекунанд; тамоюли нақзи ҳуқуқҳои даъватшавандагону сарбозон коҳиш ёфта истодааст ё сол то сол меафзояд; аз рӯи таҷриба, онҳое, ки даъво доранд, ҳуқуқҳояшон нақз шудааст, қазияро то охир мебаранд ё шояд ҳастанд ҳолатҳое, ки бо таъсири он ё он омил аз даъвояшон даст мекашанд; оё ҳамаи онҳое, ки ҳуқуқҳояшон дар ин самт нақз шудааст, барои барқарор кардани адолат ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекунанд; парвандаҳои вобаста ба нақзи ҳуқуқҳои даъватшавандагону сарбозон то куҷо шаффоф баррасӣ мешаванд?... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф якҷоя бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Дилшод Ҷӯраев, вакили дифоъ (адвокат) мавриди баррасӣ қарор дод. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
16
Музаффар Бобоҷонов – суғуртаи ҷону саломатии сарбоз, ҳаҷми он ва мушкилиҳои суғуртапулӣ | ДАСТАРХОН #7
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Ҳаҷми маблағи суғурта барои сарбоз чанд аст ва он барои чӣ пешбинӣ шудааст; суғурта то куҷо барои хизматчии ҳарбӣ ҳатмӣ аст; даъватшаванда қабл аз ба хизмати ҳарбӣ рафтан, ҷону саломатии худро суғурта мекунад; маблағи суғуртаро кӣ пардохт мекунад: хизматчии ҳарбӣ ё волидайни ӯ ва ё давлат; дар сурати ба ягон ҳолати фавқулода дучор шудани сарбоз, чӣ қадар маблағ вобаста ба ҳаҷми суғурта пардохт карда мешавад?... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф якҷоя бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Музаффар Бобоҷонов, коршиноси ҳарбӣ баррасӣ намуд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
15
Музаффар Бобоҷонов – 25 200 сомонӣ, нобаробарии адолати иҷтимоӣ, пур кардани буҷа | ДАСТАРХОН #6
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! 25 ҳазору 200 сомонӣ – арзиши хидмати алтернативие, ки дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб шуд; киҳо метавонанд, бо пардохти маблағи мазкур ин навъи хидматро адо кунанд; барои супоридани маблағи хидмати якмоҳа ё адои хидмати алтернативӣ даъватшаванда бояд ба куҷо муроҷиат намояд; даъватшавандагоне, ки ин намуди хизматро, яъне хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ мегузаранд, аз даъватшаванда ё сарбозе, ки як-ду сол хизмати харбии мӯҳлатнокро адо мекунанд, чӣ фарқ дорад; худи хизмати алтернативӣ ин чӣ навъ хидмат аст; дар кадом ҳолатҳо ба Шумо маблағи пардохтшударо бармегардонанд? Оё чунин ҳолат ҳам ҷой дорад... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф ва Ҷаҳонгир Мирсалимов дар якҷоягӣ бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Музаффар Бобоҷонов, раиси Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд, коршиноси ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
14
Музаффар Бобоҷонов – фаъолияти сусти комиссияи даъват, фишор ва муҷозоти нисбати пизишкон | ДАСТАРХОН #5
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Комиссариати ҳарбӣ оид ба даъват чӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо дорад ва онҳоро то куҷо дуруст анҷом медиҳад; комиссияи даъвате, ки ҳар сол ташкил карда мешавад, он аз рӯи кадом меъёрҳо интихоб мегардад; дар кори пизишконе, ки аъзои комиссияи даъват ҳастанд, то куҷо шаффофиятро дидан мумкин аст; оё ҳастанд, ҳолатҳои фишороварӣ нисбат ба фаъолияти пизишкони комиссияи даъват; дар сурати аз ҷониби комиссияи даъват пешниҳод шудани маълумоти бардурӯғ дар бораи даъватшаванда, нисбати комиссияи мазкур чӣ муҷозоте пешбинӣ шудааст... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф дар якҷоягӣ бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Музаффар Бобоҷонов, коршиноси ҳарбӣ баррасӣ намуд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
13
Бобоҷонов Музаффар – ҳуқуқҳои сарбоз, ваъдаи заминҳои наздиҳавлигӣ, табобат, кӯмакпулӣ | ДАСТАРХОН #4
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Ваъдаи замини наздиҳавлигӣ за сӯи мақомоти маҳаллӣ барои ҷалби ҷавонон ба хизмат то куҷо амалишавандаанд; хизматчии ҳарбӣ ё сарбоз аз кадом ҳуқуқу ӯҳдадориҳо бархӯрдор аст; кӯмакпулие, ки барои сарбозон дода мешавад, чӣ қадар аст ва он аслан барои чӣ пешбинӣ шудааст; ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ вақте сарбоз бемор шавад, раванди табобати ӯ чӣ гуна сурат мегирад ва маблағи онро кӣ пардохт мекунад... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф дар якҷоягӣ бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Музаффар Бобоҷонов, раиси Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд, коршиноси ҳарбӣ баррасӣ намуд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
12
Музаффар Бобоҷонов – хатари ҷалби магистрон ба хизмат, облава, «мавқеи сусти Вазорати маориф» | ДАСТАРХОН #3
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Сабаби саркашии ҷавонони синни даъват аз адои хидмати ҳарбӣ дар чист; чаро бархе аз онҳо намехоҳанд хидмат бикунанд, дар ин ҷо чӣ омилҳое вуҷуд доранд; қабули қонуни нав то куҷо мушкилоти сарбозшикорӣ ё «облава»-ро аз байн мебарад; мутобиқи қонуни нави хизмати ҳарбӣ, минбаъд онҳое, ки дар шӯъбаҳои магистратура ва докторантура таҳсил мекунанд, ба хизмати ҳарбӣ низ ҷалб карда мешаванд ё на; оё баъд аз адои хидмат хатари тарки таҳсил кардани бештари ин ҷавонон мавҷуд нест... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф ва Ҷаҳонгир Мирсалимов дар якҷоягӣ бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Музаффар Бобоҷонов, раиси Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд, коршиноси ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
11
Самадова Дилрабо – истифодаи волидон барои иҷроиши нақша, одамрабоӣ, қонунвайронкунӣ, паёмадҳо | ДАСТАРХОН #2
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Имрӯз ҷавони синни даъват мутобиқи Қонуни нави ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» чӣ ӯҳдадориҳо дорад; то куҷо ҷавонони синни даъват ин ӯҳдадориҳояшонро иҷро мекунанд; дар сурати риоя нашудани ин ӯҳдадориҳо, даъватшавандаро чӣ паёмадҳо интизор аст; даъватшаванда ва волидайни ӯ чӣ ҳуқуқҳо доранд; онҳо то куҷо аз ҳуқуқҳои худ огоҳ ҳастанд ва то кадом андоза аз он дифоъ карда метавонанд... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф ва Ҷаҳонгир Мирсалимов дар якҷоягӣ бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Дилрабо Самадова, сарвари иҷроияи ТҶ ДОШ дар Тоҷикистон, баррасӣ намуданд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
10
Дилрабо Самадова – облава, бобосолорӣ, хизмати алтернативӣ ва имтиёзҳои он | ДАСТАРХОН #1
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»! Ташаббуси қабули Қонуни нави ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз тарафи кӣ буд; оё назари ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш аз қабули қонун ба инобат гирифта шуд, қонуни нав такя ба таҷрибаи кадом кишварҳо мекунад ва он то куҷо ба имконият ва шароити кунунӣ мутобиқ аст, дар қонун чӣ имтиёзҳое барои даъватшавандагон пешбинӣ шудааст, тибқи муқаррароти нав, киҳо ҳуқуқи ба таъхир андохтани хизматро доранд ва киҳо чунин ҳукуқро надоранд, ҳадаф аз ҷорӣ кардани хизмати пулакӣ дар чист... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф ва Ҷаҳонгир Мирсалимов дар якҷоягӣ бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Дилрабо Самадова, сарвари иҷроияи ТҶ ДОШ дар Тоҷикистон, баррасӣ карданд. Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
-
9
Музаффар Бобоҷонов – даъвати ҷавонон ба артиш: аз ӯҳдадорӣ то облава | ДАСТАРХОН (Нашри вижа)
Суҳбати бидуни формати журналист Ҷамшед МАЪРУФ доир ба мавзӯи «Даъвати ҷавонон ба артиш: аз ӯҳдадорӣ то облава» бахшида шуда, онро дар якҷоягӣ бо журналисти ҷавон ва далелсанҷ Ҷаҳонгир Мирсалимов анҷом хоҳем дод. Бояд гуфт, ки дар соли 2021 ин нахустин нашри подкасти мо мебошад. Дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» раиси Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд, коршиноси ҳарбӣ Музаффар Бобоҷонов қарор доранд. Моро пайгирӣ намоед, то ҳамеша бохабар бошед!
-
8
ДАСТАРХОН бо Музаффар Бобоҷонов | Тизер
Шоми 20-уми январ, соати 19:00, подкасти тозаэҷод таҳти унвони «ДАСТАРХОН» бо Ҷамшед МАЪРУФ! Меҳмони барнома раиси Иттифоқи сарбозони вилояти Суғд, коршиноси ҳарбӣ Музаффар Бобоҷонов. Моро пайгирӣ намоед, то ҳамеша бохабар бошед!
-
7
Аҳрулло Дӯстматов – пневмония, коронавирус ва фарқи онҳо аз ҳамякдигар | ДАСТАРХОН (Нашри вижа)
Суҳбати бидуни формати журналист Ҷамшед МАЪРУФ доир ба масъалаи «Фарқи пневмония аз коронавирус» бо пизишки амрози дарунӣ, духтури дараҷаи олии беморхонаи шаҳрии №1-и Хуҷанд Аҳрулло Дӯстамов дар подкасти «ДАСТАРХОН». Моро пайгирӣ намоед, то ҳамеша бохабар бошед!
-
6
ДАСТАРХОН бо Аҳрулло Дӯстматов | Тизер
Шоми 27-уми апрел, соати 18:00, подкасти тозаэҷод таҳти унвони «ДАСТАРХОН» бо Ҷамшед МАЪРУФ! Меҳмони барнома пизишки амрози дарунӣ, духтури дараҷаи олии беморхонаи шаҳри Хуҷанд №1 Аҳрулло Дӯсматов. Моро пайгирӣ намоед, то ҳамеша бохабар бошед!
-
5
Убайдуллои Амон – тамошои маҷбурӣ дар театр, пайравии коргардонҳои рус ба Ғарб, «9 рота», рушди ӯзбекфилм ва бехабарӣ аз тоҷикфилм | ДАСТАРХОН (Нашри вижа)
Суҳбати бидуни формати журналист Ҷамшед МАЪРУФ бо яке аз чеҳраҳои ошно, ҳунарманди номии театру кинои Ӯзбекистон Убайдуллои Амон дар подкасти тозаэҷоди «ДАСТАРХОН». Моро пайгирӣ намоед, то ҳамеша бохабар бошед!
-
4
ДАСТАРХОН бо Убайдуллои Амон | Тизер
24-уми март, соати 10:00, подкасти тозаэҷод таҳти унвони «ДАСТАРХОН» бо Ҷамшед МАЪРУФ! Меҳмони барнома ҳунарманди шинохтаи театру кинои Ӯзбекистон Убайдуллои Амон. Моро пайгирӣ намоед, то ҳамеша бохабар бошед!
-
3
Рустам Гулов - парлумони ношаффоф, хомӯшии вакилон, нобоварӣ ба аҳзоби сиёсӣ ва тақаллубкорӣ дар интихобот | ДАСТАРХОН (Нашри вижа)
Тавре медонем, соли равон Тоҷикистон ду маъракаи сиёсиро паси сар хоҳад кард: яке интихоботи парлумонӣ, ки 1-уми марти соли равон сурат мегирад ва дигаре интихоботи президентӣ, ки тақрибан охирҳои соли ҷорӣ баргузор мешавад. Аммо имрӯз мо танҳо дар бораи интихоботи парлумонӣ ҳарф хоҳем зад. Суҳбати бидуни формати журналист Ҷамшед МАЪРУФ бо яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва блогнависи шинохта Рустам ГУЛОВ дар подкасти тозаэҷоди «ДАСТАРХОН». Моро пайгирӣ намоед, то ҳамеша бохабар бошед!
-
2
ДАСТАРХОН бо Рустам Гулов | Тизер
Шоми 28-уми феврал, соати 19:00, подкасти тозаэҷод таҳти унвони «ДАСТАРХОН» бо Ҷамшед МАЪРУФ! Меҳмони барнома яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва блогнависи шинохта Рустам ГУЛОВ. Моро пайгирӣ намоед, то ҳамеша бохабар бошед!
-
1
Подкасти ДАСТАРХОН | Тизер
Аввалин подкасти муаллифии худро бо номи «Дастархон» сабт кардам. Подкаст ба забони тоҷикӣ буда, шояд аз аввалин подкастҳои тоҷикӣ дар Тоҷикистон бошад, зеро то ин дам подкастҳо сирф ба забони русӣ пахш мешуданд. Ба тоҷикӣ низ пешкаш кардани подкасти банда низ маҳз аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад, ки дар ин бора дар оғози подкасти худ ҳарф хоҳам зад. Дар бораи чаро «Дастархон» ном ниҳодани ин подкаст низ ҳатман маълумот хоҳам дод! Аз ин рӯ, моро пайгирӣ кунед, чун дар пеш шуморо суҳбатҳои муҳиму ҷолиб бо нафарони шинохта интизор аст! P.S. Ҳоло бароятон тизери мухтасари подкасти «Дастархон»-ро ин ҷо пешкаш мекунам. Ҳарчанд воҳимааш зиёд аст, хоҳиш, ки натарсед! Вақте подкасти маро мешунавед, бароям фикру назари шумо доир ба муҳтавои он хеле муҳим аст!
We're indexing this podcast's transcripts for the first time — this can take a minute or two. We'll show results as soon as they're ready.
No matches for "" in this podcast's transcripts.
No topics indexed yet for this podcast.
Loading reviews...
ABOUT THIS SHOW
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»!Маъмулан дар рӯи дастархон таом мехӯранд. Вале дар як вақт бисёре аз масъалаҳои муҳим ва суҳбатҳои хос маҳз сари дастархон сурат мегиранд...«ДАСТАРХОН» – аз аввалин подкастҳои тоҷикӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар он ҳама чиз ва барои ҳамагон ба баҳсу баррасӣ кашида мешавад.Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: https://taplink.cc/jmb_pictures
HOSTED BY
Jamshed Ma'ruf
Loading similar podcasts...